Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) Асрорзода Убайдулло имруз дар нишасти хабарӣ қайд кард, ки  бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, “иқтисоди сабз” ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати кишвар дар назди ДБССТ пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии “Иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” таъсис дода шуданд.

Сохторҳои зикршуда вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёд карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун “кишвари сабз” бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь