4-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” шурӯъ мешавад.

Дар мусобиқа, ки то 13 ноябр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Филиппин, Тайбэйи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат мекунанд.

Дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ум 16 даста ба майдон мебароянд, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи “В” дастаҳои бонувони Эрон, Ҳонг Конг, Лубнон ворид гардидаанд, гурӯҳи “С” аз тимҳои Мянма, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва гурӯҳи “D” аз дастаҳои Урдун, Индонезия, Фаластин ва Малдив такиб ёфтаанд.

Баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ҳамчунин ду дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд (дар умум 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбекистон ва Ветнам мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда доир мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь