Рӯзи ҷумъа, 5-уми майи соли 2023, барандагони дувоздаҳумин даври ҷавоизи Окодемии “Килки заррин” дар Кобул эълом шуд.

Дар маҳфиле ки дар дафтари марказии ниҳоди «Афғон адабии баир» ба манзури вогузории ҷавоизи “Килки заррин” дар шаҳри Кобул баргузор шуда буд, ҷаноби Сиддиқуллоҳи Бадр яке аз аъзои ҳайати доварони окодемии “Килки заррин” ба намояндагӣ аз Окодемии “Килки заррин” дар пайванд ба пешинаи фаъолиятҳои дувоздаҳсолаи окодемии “Килки заррин” суханронӣ карда, дар бораи вижагиҳои шеърҳо ва навиштаҳои барандагони ин даври ҷоизаи “Килки заррин”, дидгоҳи ҳайати доварони соли 1402 хуршедиро баён намуд.

Ҷаноби Бадр дар идомаи суханрониаш гуфт: Окодемии “Килки заррин”, як ниҳоди адабии озод, муташаккил аз нависандагони Афғонистон аст, ки ҳамасола ба шуморе аз осори бартари шоирону нависандагони Афғонистон ва кишварҳои дорои забону фарҳанги муштарак бо мардуми Афғонистон, ҷоизаҳоеро эъто мекунад. Хушбахтона имсол дар канори чанд асари арзишманди форсӣ ва паштуи мутаъаллиқ ба шоирону нависандагони Афғонистон, дафтари шеърҳои шоир ва достоннавису пажӯҳишгари номошнои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фирдавси Аъзам бо номи “Захмҳои шукуфта” барандаи ҷоизаи “Килки заррин” шинохта шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки “Захмҳои шукуфта”-и Фирдавси Аъзам соли 2022 дар шаҳри Кобул  тавассути “Гурӯҳи фарҳангии ҳамзабонон” чоп шуда буд. Ин маҷмӯа шомили 60 ғазалест, ки ҳама дар мавзӯъоти иҷтимоӣ суруда шудаанд ва 33 шеъри он дар хусуси авзоъи нобасомону талхи Афғонистон ва дар ҳимоят аз мардуми дардманд ва садои расои озодиҳои онҳост. Фирдавси Аъзам ин маҷмӯъаашро ба ҳамзабонони Афғонистон тақдим карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь