Дувоздаҳ омӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (ДТМИК) тӯли ду ҳафта тарроҳӣ ва дӯхти пероҳану шими мардонаро омӯхтанд.

Ин тренинг барои тренерон (ToT) дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин давраи омӯзишӣ дар Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкории наздик бо ин донишкада баргузор гардид. Ин нахустин давраи омӯзишиест, ки Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ – ибтикори муштараки МТБ ва ДТМИК, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи GTEX таъсис ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мизбонӣ кард.

Ин давраи омӯзишӣ қолабсозиву таҳияи либос ва дӯхти онро дар амал фаро гирифт. Иштирокчиёни он қолабсозӣ ва дӯхтҳои гуногуни либосро мувофиқ бо тарроҳии мӯди замонавӣ омӯхтанд ва тарроҳиву дӯхти гуногуни куртаҳо ва шимҳои мардонаро таҷриба карданд.

Тренери ин давра Манучеҳр Шарифов мегӯяд: “Донишҳоеро, ки иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ аз бар карданд, ба онҳо имкон медиҳанд, то раванди қолабсозиву либосдӯзиро замонавӣ карда, дар истеҳсоли  инфиродӣ ва умумӣ истифода баранд”.

Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ донишҳои лозимаи андозагирӣ ва мувофиқсозии андозаи либосҳо таълим дода шуд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Ин давраи омӯзишӣ ба иштирокчиёнаш имконияти фавқулодае барои сайқал додани маҳорату дониши тарроҳӣ ва либосдӯзиро фароҳам овард, ки онҳо баъдан ин донишҳоро ба шогирдону ҳамкорон ва дигар ашхоси ҳавасманд интиқол хоҳанд дод. Интизор меравад, хатмкардагони ин барнома дар Маркази омӯзишӣ- таълимӣ оид ба дӯзандагии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки ҳамин нав аз ҷониби МТБ муҷаҳҳаз гардонида шуд, давраҳои омӯзишӣ баргузор намоянд”.

Маркази омӯзишӣ- таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар Кӯлоб чаҳорумин чунин марказ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби МТБ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар таъсис меёбад. Марказҳои мазкур дар Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва ҳамакнун, Кӯлоб, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро мебозанд ва барои таъмин намудани соҳа бо нерӯи кории таҳсилдида мусоидат мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь