Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба матлаби рӯзноманигори ҳафтаномаи “Фараж” дар бораи таъмири муассисаҳои таълимӣ вокуниш кард, ки матни он нашр мешавад:

“Матлабе, ки аз тарафи рӯзноманигори ҳафтаномаи “Фараж” дар шакли суолгузорӣ дар саҳифаи шахсиаш шоми 16-уми майи соли 2022 – юм нашр гардида буд, дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Аслан, муаллиф дар ин матлаб ба Вазорати маориф ва илми кишвар суолгузорӣ намудааст, ки барои таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ аз тарафи волидон ҷамъоварии маблағ маҷбурӣ аст ё ихтиёрӣ? Ҳамзамон, дар ин матлаб шаҳрвандон чигунагии вазъро дар баъзе аз шарҳҳо дарҷ намудаанд.

Ёдовар бояд гардид, ки таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-марти соли 2022-юм таҳти №133 ва мактубу дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нақшагузорӣ ва ба роҳ монда шудааст. Бахусус, дар бандҳои 2.5, 3.3, 3.4 ва 3.6 –и нақшаи тасдиқгардида дар асоси Қарори болозикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Илова кардан ба маврид аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, хусусан моддаи 5 оид ба вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд самти мусоидати волидон дар корҳои тарбиявӣ ва муҳайёсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати талаб накардани маблағ аз падару модарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ҳудуди вилояти Хатлон аз 7 – уми марти соли 2022-юм таҳти №174 аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба раисони шаҳру навоҳӣ ва нусха ба мудирони шуъбаву бахшҳои маориф оид ба “Манъи ҷамъоварии маблағи нақдӣ ва ғайринақдӣ аз таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ирсол гардидааст. Дар мактуби мазкур дар хусуси ҷамъ накардани маблағ ба таври дақиқ дастур дода шудааст. Аз рӯйи ин дастур дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъолият карда истодаанд. Ҳамзамон, бо иштирок ва саҳми АВО дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ корҳои ободонӣ ва дастгирӣ сурат мегирад.

Минбаъд низ Раёсати маорифи вилояти Хатлон вобаста ба масъалаи гузаронидани таъмири ҷории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон назоратро пурзӯртар хоҳад кард.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь