Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «IMO-2024» дастоварди навбатиро соҳиб шуданд ва сазофори 2 ҷои ифтихорӣ гардиданд.

Аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор Олимҷон Тухтаров, толибилми синфи 9 ва Машрафҷон Иномов, толибилми синфи 10 сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Сохибназаров Фарҳод, толибилми синфи 9, Собиров Эраҷ, толибилми синфи 11 ҷои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дюшанов Азамат, толибилми синфи 11аз Литсей-интернати президентӣ сазовори ҷои ифтихорӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO» бонуфузтарин сабқати илмӣ аз фанни математика дар ҷаҳон аст, ки метавон онро бо Бозиҳои олимпии баробар кард.

Дар олимпиадаи мазкур аз ҳар кишвар 6 нафари толибилм (риёзидон)-и беҳтарин иштирок мекунанд. Ҳамасола дар ин олимпиада аз зиёда аз 112 кишвар толибилмон ширкт мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь