27-уми июл аввалин рақобати варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 Баҳодур Усмонов оғоз мекунад

Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон вориди шаҳри Париж гашта, дар деҳаи олимпӣ ҷойгир шудаанд.

Бояд гуфт, ки тибқи санаҳои баргузории мусобиқаҳо варзишгарони тоҷик аз намудҳои гуштиии ҷудо, бокс, шиноварӣ ва варзиши сабук қувваозмоӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунад.

Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 аз 26 июл то 11 август баргузор мегардад. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.

Меҳрони Қурбон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь