Аз рӯзи 12-ум то 19-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки ҷумҳуриии Қирғизистон мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахабҳои футзали ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби футзали ҷавонони то 19-солаи тоҷик дар ин мусобиқа иштирок хоҳанд кард.

Дар мусобқоти футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 5 даста – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Тими миллии ҷавонони футзалбози тоҷикро мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ барои ин мусобиқаи байналмиллалӣ омода мекунад.

Тибқи низомнома, мусобиқот аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешавад ва дар он ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. Ҳамаи рақобатҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и шаҳри Бишкек сурат мегиранд.

Дар доираи омадагиҳо ба мусобиқоти CAFA-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се бозии санҷишӣ бо дастаҳои «Соро Компания» (6:8), “Бонки миллӣ” (3:3) ва «Рахш-Такси» (1:5) анҷом дод. Ҳайати тими миллии Тоҷикистон имрӯз, 9 феврал, тавассути транзити Алмаато озими Бишкек мешаванд.

Барои иштирок дар мусобиқаи футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба ҳайати тими миллии ҷавонони кишвар 14 футзалбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозингар шомил шудаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар мусобиқаи CAFA-2022 чунин аст:

Дарвозабонҳо: Самариддин Шамсов (“Бонки миллӣ”), Муродҷон Муродов (бе бошгоҳ);

Бозигарони майдон: Сӯҳроб Сафаров, Сабзалӣ Ҳамроев, Муҳаммад Аҳмадов, Саидисроил Саидов, Умед Назризода, Муҳаммад Муҳаммадзода, Ҳайдар Сатторов (ҳама – «Барқчӣ»), Муҳаммадикбол Абдуллоев, Бекмурод Ҳайтов (ҳарду – «Истиқлол»), Мусаяб Ҳақназар («Регар»), Хушвахтов (РШВСМ), Некрӯз Салимзода («Равшан»).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Ҷадвали баргузории мусобиқа ба вақту соати Душанбе:

Даври 1

12 феврал (шанбе)

15-00 — Узбакистон — ТОҶИКИСТОН

Соати 18 — Эрон — Афғонистон

Даври 2

13 феврал (якшанбе)

15-00 — ТОҶИКИСТОН — Эрон

18-00 — Кирғизистон — Афғонистон

даври 3-ум

15 феврал (сешанбе)

15-00 — Афғонистон — ТОҶИКИСТОН

18-00 — Кирғизистон — Узбакистон

даври 4-ум

17 феврал (панҷшанбе)

15-00 — Афғонистон — Узбакистон

Соати 18 — Эрон — Кирғизистон

даври 5-ум

19 феврал (шанбе)

15-00 — Узбакистон — Эрон

18-00 — ТОҶИКИСТОН — Кирғизистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь