Дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар даври гуруҳии Ҷоми КФО-2021 ширкат карданд, баъд аз натиҷагирии бозиҳо аз ҳаққи ширкат дар даври дигар маҳрум шуданд.
«Хуҷанд» бозиҳояшро дар гуруҳи F бо дастаҳои «Олой» (Қирғизистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Насаф» (Ӯзбекистон) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе гузаронд. Дар даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ дар гурӯҳи “F” футболбозони «Хуҷанд» бо дастаи «Олтин Асир» мусовӣ (2:2) карданд. Дар даври дуюм “Хуҷанд” аз “Насаф”-и Узбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Дар бозии сеюм хуҷандиҳо ба дарвозаи «Олой» ду гол заданд ва бо 4 имтиёз дар ҷадвал ҷойи дуюмро гирифтанд.
«Насаф», ки дар бозии якум дастаи «Олой»-ро мағлуб кард (4:0), дар даври дуюи «Хуҷанд» (3:0) ва дар бозии охир «Олтин Асир»-ро (2:0) шикаст дод. Ин даста бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт ва ба даври пелей-офф роҳ ёфт.
Дастаи «Равшан» дар гурӯҳи “Е” дар Бишкек дар бозии якум аз дастаи “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд ва дар даври дуюм бо“Дордой”-и Қирғизистон бозӣ кард ва бо натиҷаи 0:3 мағлуб шуд ва бидуни имтиёз ба ширкаташ дар ин мусобиқа хотима гузошт.
Дар ин гуруҳ дастаи «Аҳал», ки дар даври дуюм «Дордой»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 6 имтиёз ғолиб аст. Ин даста дар плей-офф бо «насаф» бозӣ мекунад.