Воҳимаву доғгузорӣ ба ҳаёти бемор дар ҷомеаи мо аз омилҳои куҳна ва бисёр нолозим маҳсуб ёфта, он ба ҳолатҳои ногувор низ оварда мерасонад.  Пеш аз дурӯғпардозӣ ва доғгузорӣ ба ҳаёти як шахс бояд дар бораи бемории вай маълумот пайдо кунем ва шахси беморро сари вақт ба табобати он омода созем. Ин амали мо беҳтар аз доғгузорӣ ба ҳаёти бемор ва воҳимаву тарсонидан аст.

Сил низ бемории табобатшаванда мебошад. Агар шахси бемор сари вақт аз муоина гузашта, дарҳол ба табобат шурӯъ кунад, пурра аз ин беморӣ шифо меёбад. Бино ба маълумоти ҳамшираи калони Маркази ҳимоияи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ашт Худойбердиева Мастона дарёфт ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон ба онҳо андак мушкил аст. Баъзе беморон ба хотири он, ки аз бемории онҳо одамони гирду атроф хабардор нашвванд, аз табобат даст мекашанд. Ин амали беморон ба худи онҳо зиёновар буда, ба марг оварда мерасонад. Беморӣ албатта бо хости мо дар тани мо пайдо намешавад ва аз гирифторӣ ба бемориҳои гуногун набояд шарм дошт ва руҳафтода шуд, балки сари вақт ба табобати дурусти он машғул шуд.

Худойбердиева Мастона ба мо бо таассуф баён дошт, ки тӯли фаъолияти 30-солааш шоҳиди ҳодисаҳое ҳам гаштааст, ки беморон худро дигар дар ҷомеа шахси нодаркор мепиндоранд. Ин ҳамаро ӯ аз надонистани роҳҳои табобати бемории сил ва надоштани саводи кофӣ дар бораи ин беморӣ байни аҳолӣ медонад.

– Дар деҳот, ки ҷои калон нест, хабар зуд паҳн мешавад. Бахусус хабарҳои бад. Агар касе гирифтори ин ё он беморӣ гардад, ҳама дар бораи бемории ӯ байни худ гап мезананд. Дар ин ҳолат аз як нафар ба нафари дигар маълумоти нодуруст дар бораи беморӣ мерасад ва он ба ҳама ҷо паҳн мешавад. Дар натиҷа ба ҳаёти бемор доғ гузошта мешавад. Агар як зани шифоёфта аз бемории сил ба дигар беморон маълумот диҳад, ки ман аз ин беморӣ шифо ёфтам, дигарон низ ба суханҳоии ӯ аҳамият медиҳанд.  Ҳангоми фаъолияти кориям бо шахсоне рӯ ба рӯ гаштам, ки дидаву дониста аз табобат даст кашиданд ва он ба ҳодисаи нохуш оварда расонид,-илова намуд Худойбердиева Мастона.

Дар Тоҷикистон табобат ва ташхиси бемории сил пурра ройгон аст. Танҳо бемор ҳангоми дар худ мушоҳида кардани сулфаи бисёр, таб ва беҳолӣ дарҳол бояд ба муттахассиси силшиноси макони зисти худ муроҷиат кунад.  Мо метавонем ҷомеаи бидуни бемории сил дошта бошем, ба шарте, ки дар бораи беморӣ маълумоти нодуруст паҳн насозем ва шахсони мубталои бемории силро саривақт ба муолиҷаи он водор созем.

Саодат Исмоилӣ,

узви Гурӯҳи коршиносони эҷодии Ассотсиатсияи ҳамкории пешгирии сил

(акс аз интернет)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here