Ноҳияи Дарвоз, ки дар дили кӯҳҳои сарбафалаккашида макон дорад, яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаи сайёҳон ба ҳисоб меравад. Махсусан, «Хонаи шикорчиён», ки дар деҳаи Яхчи мобайни Дарвоз воқеъ буда, ба ҶДММ «Ҳифз ва афзоиши бузи морхур» тааллуқ дорад, мавзеи махсус барои сайёҳони хориҷие аст, ки ба шикор майлу рағбат доранд. «Хонаи шикорчиён» дар мавзеи хушманзара ҷойгир буда, дорои шароитҳои навтарин аст ва ба сайёҳон ба сифати меҳмонхона хизмат мекунад. Солҳои пешин норасоии қувваи барқ ва оби гарм чанд мушкилро ба вуҷуд меовард.
Соле қабл аз тарафи Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавии Тоҷикистон, ки аз ҷониби сафорати Амрико дастгирӣ меёбад, дар асоси лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об ба воситаи энергияи барқароршаванда» дар ин мавзеъ панелҳои офтобӣ насб гардиданд, ки барои тавлиди қувваи барқ ва оби гарм хизмат мекунанд.
Чанд рӯз пеш аз тарафи ин Ассотсиатсия ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки журналистони расонаҳои гуногун аввал тренинг ва баъд 18-19 июн ба ноҳияи Дарвоз сафари дурӯзаи расмӣ ва ҳам сайёҳӣ ташкил гардид, ки бевосита иштирок ва аз ин мавзеъҳо дидан кардем.
«Бисёр вақт, ҳангоме ки сайёҳон меоянд, аввал аз мавҷудияти оби гарм ва қувваи барқ пурсон мешаванд. Баъди насб гардидани панелҳои офтобии мазкур мо тамоман аз қувваи барқ ва оби гарм танқисӣ надорем ва хизматрасонӣ ба сайёҳон низ бе мушкил аст. Ҳатто дар рӯзҳои барфу борон низ оби гарм мавҷуд аст ва аз барқ низ танқисӣ нест», – мегӯяд муассиси ҶДММ «Сайёд» Давлатшо Муллоёров.
Пештар дар ин макон аз генератор истифода мебурданд, ки ҳам хароҷоти зиёд дошт ва ҳам бо садои баландаш ба истироҳати меҳмонон халал ворид месохт.
Ҳамчунин, дар меҳмонхонае, ки дар деҳаи Рузвайи ноҳияи мазкур воқеъ аст, панелҳои офтобӣ насб гардидаанд. Меҳмонон ва сайёҳоне, ки ҷониби Помир мераванд, ё баръакс аз он сӯ меоянд, ҳатман зарурат ба ягон мавзеи истироҳатӣ доранд, ки ин меҳмонхона макони мувофиқ ва ягона аст. Маблағгузорӣ бошад 20% аз ҷониби худи меҳмонхона ва 80%-и дигар аз ҷониби Ассотсиатсия пардохт мешавад.
Ҳангоми аз Дарвоз баргаштан аз деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ дидан кардем. Дар мактаби миёнаи деҳаи мазкур низ панелҳои офтобӣ насб гардидаанд. Аслан мактаби мазкур умуман ба талаботи имрӯза чавобгӯ нест ва дар як ҳолати на он қадар хуб қарор дорад. Синфхонаҳои хурд, мизу курсиҳои кӯҳна ва ҳамагӣ 220 хонандаву 19 омӯзгор. Насб гардидани панелҳои обгармкунанда ва энергияистеҳсолкунанда аз ҷониби Ассотсиатсияи мазкур барои як мактаби хурдакаки ин деҳ кӯмакӣ арзанда дониста мешавад.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавии Тоқикистон дар 10 мавзеи гуногуни кишвар панелҳои офтобӣ насб гардидаанд ва лоиҳа ҳанӯз давом дорад.
Шоира Мадалиева