Дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарси алоҳида бо номи шатранҷ ворид карда шудааст ва китоби дарсӣ ҳам бо номи “Асосҳои шатранҷ” аз чоп баромадааст. Ин китоб қисман ба муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тақсим карда шудааст ва дар назар аст, соли оянда дарси алоҳидаи шатранҷ ба роҳ монда шавад.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотии вазорат гуфт дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ворид кардани дарси алоҳидаи шатранҷ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ҳалли худашро ёфтааст ва қисмати зиёди мактабҳои ҷумҳурӣ бо китоб таъмин шудаанд.

– Соатҳо барои дарси шатранҷ аз ҳисоби дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбиявӣ, ва факултативӣ пешбинӣ шудааст. Ман гумон мекунам, ин масъала ҳатман ҳалли худро меёбад, – гуфт вазир.

Ворид кардани дарси алоҳидаи шатранҷ дар макотиби миёнаи кишвар дар ҳолест, ки ҳолдонон ин машғулиятро барои боз ҳам мустаҳкам намудани хотира ва қобилияти фикрии одам муфид медонанд.

Нуриддин Саид нагуфт, ки ин дарс барои хонандагони кадом синну сол пешбинӣ шудааст, вале мухлисону дилбохтагони ин машғулият мегӯянд, онро бояд аз синфҳои поёнӣ, яъне аз синфи 3-4 омӯзонидан беҳтар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь