Дарҳои даромадгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бастааст ва на танҳо шаҳрвандон, балки барои рӯзноманигорон низ даромадан мушкил аст.
Зимни ду сафари хизматие, ки ба ноҳияи мазкур доштем, барои вохӯрӣ бо раиси дастгоҳ интизорӣ кашидем. Дар даромадгоҳи МИҲД-и ноҳия навбатдор касеро иҷоза намедиҳад, то вориди бино шавад. Ҳарчанд хостем ба навбатдор бифаҳмонем, ки хабарнигорему бо масъалаи корӣ омадаем, нашуд.
Танҳо баъди занги навбатдору интизориҳои зиёд, раиси дастгоҳ дар назди дарвоза ҳозир шуд. Ба гуфти раиси дастгоҳ чунин як низоми сахт ба хотири пешгирӣ аз даромаду баромади беҳудаи сокинони ноҳия роҳандозӣ шудааст.
Аз ин гуфти раиси дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Вахш бармеояд, ки агар сокини ноҳия корафтода шаванду ба мақомоти иҷроия биоянд, соатҳо интизор мешаванд, ки масъуле онҳоро қабул кунад.
Ин дар ҳолест, ки аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон панҷараҳои атрофи биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро аз байн бурдаанд. Чунин як низоми бесобиқа танҳо дар ноҳияи Вахш ба чашм мерасад.