Шоми дирӯз, 8-уми август, дар бемористони вилоятии Кӯлоб хабарнигори шинохтаи тоҷик Аслиддин Достиев дар синни 64-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ба гуфти ҳамкасбону ҳамкорон марҳум Аслиддин Достиев солҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва  чанде пеш ӯро ҷарроҳӣ карда будану баъди он дигар ба худ наомадааст. Ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба хок супорида мешавад.

Аслиддин Достиев аз маъруфтарин журналистон минтақаи Кӯлоб ва аз беҳтарин журналисти Тоҷикистон шинохта шуда буд, ки барои аксари расонаҳои кишвар маводи таҳлилӣ менавишт. Ӯро чун журналисти ҳақҷӯву ҳақталош ва ҳақгӯву ҳақталаб мешинохтанд.

МТЖТ аз даргузашти Аслиддин Достиев сахт андуҳгин буда, аз даргоҳи  Худо ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь