Дирӯз журналисти таърихнигори хушном, омӯзгори таърихи мактаби «Ҳотам ПВ» Меҳрубон Салимшоев бар асари як беморӣ аз дунё даргузашт. Ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Меҳрубон Салимшоев хатмкардаи донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия аст. Чандин сол дар матбуоти даврӣ маводи таърихӣ менавишт ва пажуҳишҳои таърихӣ низ кардааст. Дар ҳафтаномаи СССР ба ҳайси таърихнигор кор кардааст. Як муддат дар маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино фаъолият кардааст. Солҳои охир ба касби омӯзгорӣ баргашта буд ва дар мактаби бонуфузи «Ҳотам ПВ» аз таърих ба шогирдон дарс мегуфт. 10-уми август Меҳрубон Салимшонв 53-сола мешуд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон нисбати марги журналисти таърихнигор Меҳрубон Салимшоев андӯҳгин буда, ин талафотро ба наздикону пайвандони марҳум ва дӯстону ҳамкорони ӯ таслият мегӯяд. Равони марҳум шоду хонаи охираташ обод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь