Имрӯз забоншиноси маъруф, номзади илмҳои филология, устоди факултети филологияи ДМТ Мадиброҳим Норматов дар синни 81-солагӣ дунёро падруд гуфт. Намози ҷанозаи ӯ, баъд аз зуҳри имрӯз, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Мадиброҳим Норматов 1-уми февралисоли1938 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми филология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). ХатмкардаиДонишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ: ассистент, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 дотсент то ҳол. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст.
Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Осори илмии олим иборатанд аз “Муқаддимаи забоншиносӣ”, “Забоншиносии умумӣ”, “Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он”, “Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис).
Худованд устодон Исматов, К,улматов ва Норматовро дар як кафедра ва аудитория ч,ой и кунод.