Дирӯз шореҳи маъруфи варзиш Фарҳод Ҷабборов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 63-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва имрӯз ба хок супорида шуд.

Фарҳод Ҷабборов аз рӯзноманигорони маъруфи варзиш буд, ки роҳбарии дафтари матбуоти Федератсияи футболи Душанберо ба уҳда дошт. Марҳум дар рушду густариш ва оммавӣ гардидани футбол дар Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.

Ҷабборов дар гузашта дар медиа-холдинги “Чархи гардун” фаъолит дошт ва шарҳи бозиҳои футболи кишвар ва хориҷро дар нашрияҳои «Дайджест пресс» ва «Варзиш Спорт» пеш мебурд.

Ӯ дар баробари сухангӯи ФФД, ҳамчунин, се соли охир роҳбари дафтари матбуоти Клуби марказии варзишии артиш (КМВА)-ро низ ба дӯш дошт.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги Фарҳод Ҷабборов андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва дӯстону шогирдорнаш арзи таслият мекунад. Хонаи охирати марҳум обод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь