Дирӯз, 2-юми феврал, рӯзноманигори саршинос Баҳром Файзуллоев дар бемористони шаҳри Бӯстон аз олам даргузашт.
Бахром Файзуллоев дар дехаи Чоркухи шахри Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Чанд сол дар Либия ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Солҳои зиёд дар вазифаи сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии «Вароруд» низ кор кардааст.
Солҳои охири умраш хабарнигори минтақавии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар вилояти Суғд буд.
Баҳром Файзуллоев беш аз як моҳ дар бемористони шаҳри Бӯстон бистарӣ буд ва ду ҷарроҳии мураккабро аз сар гузаронидааст.
Ӯ як шахси олиҷаноб, рӯзноманигори барҷаста, коршиноси масоили марзӣ, мураббии бисёре аз рӯзноманигорони ҷавон буд.
31-уми январи соли 2022 Баҳром Файзуллоев 60-сола шуд.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти Баҳром Файзуллоевро андӯҳгин буда, ба хонавода, дӯстон ва ҳамкорони ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунад.