Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  аз олам, даргузашт. Як манбаъ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба “Фараж”хабар дод, ки раиси ноҳияи мазкур марҳум Убайдуллои Файзулло се рӯз боз дар беморхона бистарӣ буд.

Ӯро пас аз нисфирӯзии дирӯз ба шаҳри Душанбе мебурданд, ки мутаассифон,а дар роҳ ҷон додааст, афзуд манбаъ ва гуфт, ки намози ҷанозаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз дар ноҳияи мазкур баргузор хоҳад шуд.

Убайдуллои Файзулло тули фаъолияташ дар вазифаи раси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо рӯзноманигорон  ҳамкории зич  дошт ва  аз мушкиливу дастовардҳо  озодона ҳарф мезад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь