Ҳунарманди маъруф Қурбоналӣ Раҳмонов бар асари беморӣ дар синни 67-солагӣ дар Душанбе аз олам гузашт.

Чанд рӯз пеш наздикони сароянда хабар доданд, ки ҳоли ҳунарманди маъруф Қурбоналӣ Раҳмонов бад шудааст ва ӯро дар бемористони Якум Совети Душанбе бистарӣ кардаанд.

Дирӯз хабар доданд, ки Қурбоналӣ Раҳмонов ба ҳуш омадааст, вале имрӯз ӯ бар асари бемории ҳамагири коронвирус ҷон супурдааст.

Қурбоналӣ Раҳмонов соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Турсунзодаро хатм кардааст. Дар соли 1971, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, дар фестивали ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тило ва 1 рубоб гардида, дар саҳнаи тоҷик соҳибном шуд.

Қурбоналӣ Раҳмон баъди хатми донишкада ва адои хидмати ҳарбӣ чанд муддат дар мақомҳои роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳангиВосеъ кор кардааст. Давраи авҷи шӯҳрати ӯ ба ансамбли фолклории «Чашма” рабт мегирад. Соли 1986 сазовори унвони Ҳунарпешаи шинохтаи РСС Тоҷикистон шуд. Соли 1996 ба Душанбе омад ва 2 сол дар ансамбли «Дарё” кор кард. Соли 1998 роҳбари ансамбли тарона ва рақси «Сомониён” таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи маъруф Қурбоналӣ Раҳмонов андуҳгин буда, ин талафотро ба кулли мардуми кишвар ва наздикону пайвандони марҳум таслият мегӯяд. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь