15-уми сентябр шоир ва андешманди тоҷик Мирзо Боқӣ дар 75-солагӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҳеч дарде ранҷ намекашидааст ва баъд аз субҳи дирӯз, ки машқи бадан кардаву ба эҷод машғул шудааст, ҷон додааст.
Ӯ аз худ ашъор, андарзу таронаҳо, ҳадисҳои манзум ва эссеҳои фалсафие ба мерос гузошт, ки барои адабиёти тоҷик нодир ва ҳамзамон мураккаб дониста мешаванд.
Китоби нахустини ӯ “Ҳамосаи модар ва кӯдак” дар соли 1984 баҳси доманадореро ба бор овард ва Нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ зидди вожаи “ҳамоса” садо баланд намуда, шиква кард, ки адибони ҷавон забонро пур аз калимаҳои форсиву дарӣ кардаанд.
Дар китоби дувумаш “Нуқтаи нур” (1986) шоир ба розҳои рӯҳи инсон руҷуъ кард ва бардоштҳояшро аз фалсафаи Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Иқбол, Фридрих Нича, Алберт Камю ва пешкисватони дигари назму насри фалсафиро якҷо бо дидгоҳҳои худ дар миён гузошт.
Дар соли 1989 беҳтарин суханони Лев Толстойро дар як маҷмуаи “Андарзнома” ба табъ расондааст.
То соли 2000 ӯ ба навиштани силсилаи эссеҳои фалсафӣ машғул шуд ва онҳоро дар китоби панҷҷилдаи “Фурӯғи хирад” ба нашр расонд. Дар ҳамин равия се ҷилди бузургҷаҳмро зери номи умумии “Ҷовидоннома” мунташир кард.
Мирзоамон Боқиев (Мирзо Боқӣ, Мирзо Боқизода) 19-уми декабри соли 1944 дар деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омада, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нашрияҳои кишвар кор кардааст. Чанд сол сармуҳаррири нашриёти «Бухоро» буд. Ӯ, имрӯз, 16-уми сентябр дар зодгоҳаш ба хок супурда мешавад.
Мирзо Боқӣ – як шаҳри пур зи одам, холӣ шудаст бе ту…
Сад есиз (афсӯс), ки мардуми деҳи Эсиз васияти устодро нисбати дафнаш иҷро накарданд. Шояд, мақомдорони ноҳия васияти ин алломаро иҷро кунанд. Яъне, дар Боғи худаш дафн намоянд.
Сад есизи Есизиҳо, ки дар рӯзи яъсу ноумедию раҳгумии фарзанди устод Мирзо Боқӣ Таҳмурас, ки натавонист, васияти падарашро бо ҳамдеҳагонашон ба иҷро расонанд. То ки дар Боғи дастпарвари худаш дафн шавад.
Tajik poet and journalist Mirzoamon Boqi was born in the village of Irazbolo of Maschoh in the Zarafshan province in 1945.
He graduated from Tajikistan State University in 1971 and worked until 1973 in the literary department of Sado va Simoi Tojikiston. In 1974, he was employed by the Omuzgor weekly journal. His work is heavily influenced by Iranian intellectuals. The themes of his stories include the fate of humanity, the secrets of the universe, and philosophies dealing with the issues of life and death. His contributions include Hamosai Modar va Kudak (Epic of Mother and Child, 1980) and Tarjimai Andarzhoi Tolstoi (Translation of Tolstoy’s Advice, 1990).