Шаби 7-уми ноябр дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд (воқеъ дар маҳаллаи 16-ум ва наздикии Идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ) шӯриш ба амал омадааст. Дар ин бора «РО» хабар дод
Ин манбаъ менависад, ки дар бораи сабабҳои шӯриш маълумоти дақиқ дар даст надорад, аммо сарчашмаҳои иттилооташ маълум кардаанд, ки бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳасту теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест.
“Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ошӯбро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд”, – навиштааст ин расонаи хабарӣ аз қавли манбаи худ.
Дар ҳамин ҳол навбатдори Идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд ба «РО» гуфтааст, “мақомот “Бонги хатар” эълон кардаанд, вале тирпаррониву фирори маҳбусон нашудааст”.
Ин манбаъ гуфтааст, ки “Бонги хатар” ба набати аввал ба афсарон ва кормандони ҳамаи маҳбасҳо, ки зери назорати ин ниҳод аст, дахл дорад ва онҳо дар ҳолати омодабош оварда шудаанд. Навбатдор ҷузъиёти онро ки чӣ амалҳое дар доираи ин “Бонги хатар” роҳандозӣ мешавад ва то кай давом мекунад, бинобар махфӣ будани он ошкор накардааст.