Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон Дилфуза Уралова ҳокими ноҳияи Боёвути ин вилоят таъйин гардид. Гуфта мешавад, ки дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Боёвут ҳокими он Ӯлмасҷон Мадаминов аз ин вазифа сабукдӯш гардид.

Дилфуза Уралова то замони таъйин шудан ба мақоми ҳокими ноҳияи Боёвут муовини ҳокими вилояти Сирдарё буд ва вазифаи раиси кумитаи занҳои ин вилоятро ба дӯш доштааст.

Дар айни ҳол Дилфуза Уралова нахустин зан дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки тайи солҳои касби истиқлол бори нахуст ба мақоми ҳокими ноҳия таъйин шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь