Ба иттилои дафтари матбуоти  Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пайи анҷоми интихоботи депутатҳои Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ масъалаи баргузор кардани интихоботи сенаторони Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ гардид. Ин ҷамъомад таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот Мирзоулуғбек Абдусаломов баргузор шуд.

Гуфта шуд, ки мувофиқи Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи на бештар аз як моҳи интихобшавии депутатҳои Ҷуқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо интихоботи аъзои Сенати Олий Маҷлис баргузор мегардад. Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё Палатаи болоии парлумон палатаи намояндагони минтақаҳо мебошад.

Аъзои нави Сенат аз миёни депутатҳои Ҷуқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз роҳи овоздиҳии махфӣ ва ба теъдоди шашнафарӣ интихоб карда мешаванд.

Шонздаҳ нафар аъзои Сенати Олий Маҷлисро Президент Шавкат Мирзиёев аз ҳисоби шахсиятҳои шинохташудаи соҳаи илму фарҳанг, санъат, адабиёт ва истеҳсолот таъйин мекунад. Ин шахсиятҳо афроде хоҳанд буд, ки таҷрибаи зиёди корӣ доранд ва барои халқу кишвари худ хизматҳои шойиста анҷом додаанд. Муддати ваколати аъзои Сенати интихобшаванда панҷ солро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои интихоб шудан ба аъзои Сенат ё вакили Палатаи болоии парлумон шаҳрвандоне ҳақ доранд, ки синнашон аз 25 боло мебошад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон на камтар аз панҷ соли охир зиндагӣ кардаанд. Комиссияи марказии интихобот роҳ намедиҳад, ки як шахс ҳам депутати Палатаи поёнии парлумон ва ҳам сенатори Олий Маҷлис интихоб шавад.

Қарор аст, ки интихоботи аъзои Сенат 16-17-уми январи соли равон тавассути баргузоркунии маҷлисҳои умумии депутатҳои Ҷуқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва шӯроҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь