Дар омода кардани бузугтарин палови дунё 50 тан аз ошпазҳои номдор аз тамоми гӯшаву канори Ӯзбекистон ширкат карданд.

Паловро дар деги қутраш 4,2 метр бо ғунҷоиши 8 ҳазор литр, ки дар комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалик махсус барои ин кор сохта буданд, пухтанд. Вазнии умумии дег 7070 кг, умқаш 1 метр будаст. Оташдоне, ки дар он дегро гузоштаанд, 3 тонн вазн доштааст.

Барои омода кардани палов миқдори рекордии маҳсулот истифода шудааст: гӯшти гов – 826 кг, гӯшти гӯсфанд – 825,5 кг, равғани гӯсфанд (думба) – 195 кг, биринҷ – 1650 кг, сабзӣ – 2400 кг, пиёз – 185 кг, равғани растанӣ – 350 литр, намак 48 кг, зира – 4,5 кг, зирк – 165 кг, нахӯд – 90 кг, қаламфури сиёҳ – 3 кг.

Палови омодашударо ба меҳмонон ва зиёда аз 22 000 сокини Олмалик пешкаш кардаанд. Дар маҷмӯъ барои ташкил ва омода кардани палов шабонарӯзӣ 150 нафар кор кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳоло омодагӣ ба тайёр кардани палови бузургтарин дар ҷаҳон будааст.  Маросими гузоштани рекорди бузургтарин палов ва сабти он дар китоби рекордҳои Гиннес 8-уми сентябр баргузор мешудааст. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь