Дар Тоҷикистон дар соли 2018 ба 51 ҳазору 735 нафар мақоми бекор дода шудааст, ки аз ин шумора 22 ҳазору 897 нафари онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин бора раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар Абдуллозода Аҳтам бо такя ба омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.  

Раиси кумита қайд кард, ки айни замон ҳайати роҳбарикунандаи ин кумитаро ҷавонони 30-сола ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо аз уҳдаи кори худ ба хубӣ мебароянд.

“Мо низ комилан фаъолияти худро баҳри он равона намудем, ки дар се соли охир ҳатто ҳайати роҳбарикунандаи кумитаро ҷавон кунем. Имрӯз синну соли ҳайъати роҳбаркунандаи кумитаро 30-солаҳо ташкил медиҳанд ва мо ба ҷавонон бештар такя дорем, ки онҳо имрӯз пурра уҳдадориҳои худро иҷро мекунанд”, – гуфт ӯ.

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки як қисми ҷавонони шаҳри Хоруғро Кумита ба НБО Роғун барои таъмини ҷойи кор равон кардаанд.

– Худи ҳамин сол дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷавонони шаҳри Хоруғ, онҳое, ки бекор буданд, ба таври мутташакилона қисмати муайяни онҳо барои кор ба шаҳри Роғун сафарбар гардиданд, – афзуд Абдуллозода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь