Маҷмӯаи ашъори шоири муқими шаҳри Маскав Набиҷон Мустафозода бо номи “Дар соҳили Уреҷ” ба дасти мо расид. Китоби мазкур 18-уми октябри соли ҷорӣ дар нашриёти “Истеъдод” бо дастгирии раиси иттиҳодияи гуруҳҳои консертии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳуррии Точикистон Бахтовар Раҳмонзода бо теъдоди 250 нусха ба нашр расидааст.

Ин маҷмӯа дар ҳаҷми 248 саҳифа ба таъ расида, дар он шеърҳои дар қолабҳои гуногун эҷод кардаи шоир ҷой дода шудаанд. Дар китоби “Дар соҳили Уреҷ” зиёда аз 350 пораи гунонгуни шеърӣ, мисли рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, чаҳорпора ва таронаҳои шоир гирдоварӣ шудаанд.

Китоб аз бобҳои «Аз дафтари ашъор», «Саду як ғазал», «Чаҳорпора» , «Рубоиёт» ва «Дубайтиҳо» иборат буда, ашъори дар солҳои мухталиф навиштаи шоирро дар бар мегирад. Муҳаррири китоб шоир Исмоил Зарифӣ мебошад. Маҷмӯаи “Дар соҳили Уреҷ” дуюмин китоби Набиҷон буда, қаблан маҷмӯаи дигари ашъори ӯ бо унвони “Рози муҳоҷир” дар нашриёти “Адиб”-и шаҳри Душанбе ба табъ расида буд.

Набиҷон Мустафозода хатмкардаи бахши физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бахши ҳуқушиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Масква мебошад. Ӯ зодаи деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент буда, аз хурдӣ ба навиштани шеър шавқ доштааст. Вақти дар мактаби миёна хонданаш хабару мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳои “Зарафшон”, “Ҷумҳурият”, “Садои Мардум”, “Ҷавононои Тоҷикистон”, “Анбоз” ва маҷаллаи “Машъал” чоп шудаанд. Мустафозода як муддат дар радиои “Садои Душанбе” низ кор кардааст.

Набиҷон Мустафозода соли 2018 барои саҳм доштанаш дар тарғиби санъати тоҷик дар шаҳри Москва бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарафёб гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь