Дар ноҳияи Шаҳритуз соли гузашта бекоршавии ақди никоҳ ва барпо намудани туйи арусиву домодӣ коҳиш ёфтааст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Фотима Раҷабзода гуфт, ки дар соли 2019-ум 96 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки қисми зиёди онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд.

– Аз шумори ҷудошавии оилаҳо 70 ҳолати он бо ҳалномаи суд бекор шуда, боқӣ бо аризаи яке аз оилаҳо аст, – мегуяд ин шахси масъул.

Ҷудошавии оилаҳо дар ин ноҳия нисбати соли 2018 15 ҳолат кам аст, аммо боиси нигаронист, ки баъди барҳам хӯрдани 96 оила 69 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

– Омили бекор шудани оилаҳо ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, хушунати хонаводагӣ, бефарзандӣ ва дигар сабабҳо аст, – гуфт Раҷабзода.

– Дар ноҳия соли гузашта 1289 оила ақди никоҳ бастанд, ки ин рақам дар қиёс  ба соли 2018-ум 135 ҳолат кам аст, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь