Думаи давлатӣ рӯзи сешанбе тағйирот дар бораи то се сол тамдид кардани ҳамзистӣ зимни ақди никоҳ бастан бо шаҳрванди Русия барои дарёфти Иҷозаи иқомати муваққатиро (РВП) қабул кард. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад.

Муаллифни тағйирот раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва раиси Кумитаи кори ИДМ Леонид Калашников зикр шудаанд. Володин зикр кардааст, дар намунаи аввали лоиҳаи қонун пешбинӣ шуда буд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ пас аз ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба таври соддашуда Иҷозаи иқомати муваққатӣ дода шавад.

«Пешниҳод шудааст, ки гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) баъд аз фарзандхонии шаҳрванди Русия бидуни бастани ақди никоҳ, танҳо пас аз се соли зиндагии муштарак ё пешбурди хоҷагӣ имконпазир хоҳад шуд», – гуфтааст раиси Думаи Давлатӣ, ки муаллифи ин тағйирот мебошад.

Ӯ бар ин назар аст, ки пас аз ворид кардани ин тағйирот, “бастани ақди никоҳи қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои зудтар гирифтани шаҳрвандии Русия бефоида хоҳад буд”.

Володин бо истинод ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки аз соли 2021 то имрӯз бо мақсади гирифтани мақоми муҳоҷират 4300 ақди никоҳ баста шудааст.

Илова бар ин, Думаи давлатӣ дар қироати аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ҷазоро барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ шадидтар мекунад. Мувофиқи қоидаҳои нав, амволу чизҳои арзишманде, ки дар натиҷаи ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, метавонанд мусодира карда шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь