“20-уми январи соли 1990 мудҳиштарин рӯйдод, ва дар баробари ин, саҳифаи қаҳрамонӣ ва мардонагӣ таърихи халқи Озарбойҷон мебошад”. Замоне Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев воқеахои 20 Январро бо чунин суханон тавсиф намуда буд. Ӯ бо дурандешии хирадмандона гуфта буд, ки ҳар қадаре бо мурури замон ҳалқи Озарбойҷон аз он воқеаҳо дур шаванд, ҳамон қадар аҳамияти онҳоро дар таърихи халқи Озарбойҷон бештар дарк хоҳанд намуд ва шояд наслҳои оянда ба онҳо боз ҳам арзиши дурусттар хоҳанд дод. Аммо як чиз дуруст аст, ки 20 Январи соли 1990 дар ҳаёти мардуми Озарбойҷон як марҳалаи қатъӣ буд».

Аз фоҷиаи январи хунини соли 1990-ум 32 сол сипарӣ шуд. Шаби 19 ба 20-уми январи соли 1990 дар кӯчаҳои Боку фоҷиаи даҳшатноке рӯй дод, ки ҷони 147 тан аҳолии осоиштаро рабуд, 744 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, зиёда аз 800 нафари дигар ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Дар он шаби хунин бо фармони рохбарияти Советӣ ва бидуни ҳеҷ гуна огоҳии пешини аҳолӣ, ба шаҳри Боку ҷузъу томҳои артиши шӯравӣ барои саркубии харакати миллӣ-озодихоҳонае, ки Озарбойҷонро ба шӯр андохта буд, дароварда шуд. Қатлу ғоратгариҳои он рӯзхо дар Боку сурат гирифта буд  ба бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури паҳн шуданд. Дар гузорише, ки коршиносони мустақили созмони “Сипар (Щит)” таҳия кардаанд, гуфта мешавад: “Одамонро аз масофаи наздик ва бо бераҳмии шадид тирборон кардаанд. Ҳамин тариқ, Е. Мейеровичро бо 21 захми тир, Д. Хонмамедовро зиёда аз 10 тир, ва Р. Рустамовро бо 23 захми тир дарёфт намуда, беморхонаву мошинҳои ёрии таъҷилӣ низ тирборон шуда буданд, табибони зиёд ба ҳалокат расида, мардум бо теғу ханҷар кушта шудаанд. Тирҳои мамнӯъи бо андозаи 5,45 калибра бо маркази вазнаш омехта барои автомати Калашников истифода шуданд. Дар миёни кушташудагон ноболиғон, занон, пиронсолон ва маъюбон буданд”.

Фоҷиаи 20 Январ ҳодисаи як рӯза нест. Рохбарияти ИҶШС аз талабҳои одилонаи халқи Озарбойҷон ба ҳарос афтода, ҷинояте содир кард, ки дар ҳақиқат сарнагун шудани тартиботи тоталитариро боз ҳам тезонд. Ба Боку ва дигар шаҳрҳои ҷумҳури ғайриконунӣ қушунҳо оварда шуданд, садҳо одамон ярадор ва кушта шуданд.

Рӯзи 21 январ Ҳайдар Алиев, ки он замон дар Маскав иқомат дошт, ба намояндагии доимии Озарбойҷон дар Маскав омада, бо изҳороти худ ҷинояти раҳбарияти шӯравиро дар Боку маҳкум кард. Ин дастгирии бебаҳое барои халқи Озарбойҷон дар он рӯзхои душвор буд. Оламиён аз террори давлатии роҳбарияти ИҶШС ба муқобили халқи Озарбойҷон, ки бо бераҳмии махсус содир шуда буд, воқиф гардиданд.

20 Январ ба таърихи Озарбойҷон ҳамчун рӯзи фоҷиа ва қаҳрамонӣ дохил шудааст. Маросими дафни оммавии шаҳидон ба тамоми чаҳон на танҳо ғаму андуҳ, балки мардонагӣ ва иттиҳоди халқи озарбойҷонро дар роҳи якғоягӣ нишон дод.

Хуни шаҳидон муқаддас аст. Ва арзиши дақиқтаринро ба ин ибора пешвои бузург Ҳайдар Алиев додааст: «Дар ҳар қатраи ин хун қувваи халқи мо, қахрамонии халқи мо, орзую умеди халқамон барои озодӣ ва истиқлолият аст. Хуни рехташуда дар он шаб муқаддас аст. Ин хун, бо хуни дигар халқҳои мо, ки тӯли асрҳо баҳри озодӣ ва истиқлолият рехта буданд, омехта шудааст. Хуне, ки он шаб рехта шуд, хунест дар ранги парчами миллии мо, ки рамзи истиқлолияти Озарбойҷон аст».

Бо мурури замон нуқтаи назари мардум нисбат ба ҳодисаҳои 20 Январ тағйир меёбад. Ва агар қаблан озарбойҷониҳо ба хотири шаҳидон мотам гирифтаву танҳо афсӯс мехӯрданд ва бар сари мазори онҳо гулчанбар мегузоштанд, имрӯз дар дилашон ҳисси ифтихори бепоён ҳукмфармост.

Дар ҳақиқат, дар он шаби зимистоне, ки одамонро куштаву бо танкхо аз рӯяшон гузаштаанд, офтоби озодӣ тулӯъ кард. Шаҳидон ба таърих ҳамчун муждарасони озодӣ ворид шуданд.

Инак, зиёда аз 30 сол аст, ки Озарбойҷон давлати мустақил аст. Заминҳое, ки ҳамон замон аз даст рафтанд ва зери ишғол қарор доштанд, дар натиҷаи ҷанги 44-рӯзаи Ватанӣ дар соли 2020, бомуваффақият озод шуданд. Қаҳрамононе, ки дар набардҳо барои тамомияти арзии Озарбойҷон ҷони худро нисор карданд, низ дар хиёбони Шаҳидон дафн шуданд. Рӯҳашон шоду осуда бод! Онҳо хуни хешро беҳуда нарехтанд. Имрӯз халқи Озарбойҷон бо ифтихори хоса 32-умин солгарди фоҷиаи 20 Январро дар пасманзари Ғалабаи бузург дар Ҷанги Ватанӣ таҷлил мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь