Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамзамон маъракаи иттилоотии “Корвони саводи расонаӣ” оғоз мешавад. Ҳадафи маъракаи мазкур мусоидат дар тақвияти тавонмандии аудитория дар се кишвар барои муқовимат ба маълумоти бардурӯғ, дасткорӣ ва забони нафрат мебошад. Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи октябр дар саросари ҷаҳон ҳафтаи ҷаҳонии саводи расонаӣ баргузор мешавад. Имсол он аз 24 то 31 октябри соли 2024 давом ёфта, мавзӯи сол “Сарҳадҳои нави рақамии иттилоот: саводи расонаӣ ва иттилоотӣ барои иттилооти ҷамъиятӣ” мебошад.
Се созмон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба таҷлили ҳафтаи саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии лоиҳаи “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Интернюс амалӣ мешавад, ҳамроҳ мешаванд. Дар тӯли ҳашт моҳ ин се созмон дар се кишвар маъракаҳои маҳаллӣ баргузор мекунанд ва барои роҳандозии фаъолиятҳои минтақавӣ муттаҳид мешаванд, аз ин рӯ “Корвони саводи расонаӣ” ба чанд кишвари Осиёи Марказӣ сафар мекунад.
“Корвони саводи расонаӣ” бояд ба аудитория дар фаҳмидани хабарҳо, фарқ кардани далелҳои объективӣ аз ғаразнок, таҳлили далелҳои ҷонибдор ва муқобил ва ҷудо кардани инъикоси холисонаи ҳодиса аз таблиғот кӯмак расонад.
Дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии “Равзана” дар якҷоягӣ бо платформаи factcheck.tj дар чаҳорчӯбаи маъракаи “Аз ҳақиқат бигӯ” дар ширкатҳо ва донишгоҳҳо мастер-класс ва тренингҳо ташкил мекунад, мунтазам мӯҳтаво (лонгридҳо, инфографика, caption-видеоҳо, баргаҳо ва рилсҳо) омода мекунад, викторинаҳои онлайниву озмунҳо баргузор намуда, дар байни блогерон як марафони хурд оғоз мекунанд.
Дар Қазоқистон “Бунёди хусусии ташаббусҳои фарҳангии ба номи Тимур Бекмамбетов” як маъракаеро оғоз мекунад: “Далелсанҷ: фошсозии дурӯғ дар фазои рақамӣ”, ки аз роҳандозии веб-бозӣ дар шакли тамрини онлайнии “Далелсанҷ”, мӯҳтавои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин фаъолиятҳои офлайнӣ, ки таваҷҷӯҳи қазоқистониҳоро ба мавзӯи саводи расонаӣ ҷалб мекунад, иборат аст.
Дар Қирғизистон Ассотсиатсияи ВАО-и ҷамъиятӣ харитаи интерактивии муайян кардани маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои фейкиро роҳандозӣ мекунад ва дар 30 минтақаи кишвар викторинаҳои таълимӣ мегузаронад. Дар силсилаи подкаст-кейсҳо дурӯғафканӣ ва қаллобии рақамиро таҳлил мекунанд, қаҳрамонони комиксҳои «Акмат ва Ташмат» бо шеваи ҳаҷв бобати аҳамияти тафаккури интиқодӣ сӯҳбат мекунанд. Пайгирони гӯшаҳои расонаӣ дар саросари кишвар метавонанд комиксҳоро мутолиа намоянд.
Ҷанбаи муҳими тамоми маърака ин рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои рақамӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ба одамон дар шинохти фейкҳо, таҳлили эътимоднокии иттилоот ва баҳодиҳии манбаъҳои он мусоидат мекунад. Ҳамчунин ин маърака ба ҳамкориҳои минтақавии расонаҳо мусоидат намуда, шароит барои табодули таҷриба ва талошҳои муштарак дар мубориза бо маълумоти бардурӯғро фароҳам меорад.
“Ҳадафи мо кӯмак ба одамон дар Осиёи Марказӣ аст, то аз дасткориву дурӯғ бештар огоҳ ва ҳифз шаванд. Мо саъй менамоем, то шароитеро фароҳам орем, ки дар он ҳар як шахс метавонад иттилоотро аз нигоҳи интиқодӣ арзёбӣ ва интихоби оқилона кунад ва устувории фазои расонаиро дар минтақа дастгирӣ намояд”, -гуфт Вадим Садоншоев, роҳбари лоиҳа.
“Корвони саводи расонаӣ” дар доираи лоиҳаи минтақавии «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN), аз ҷониби Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.