Дар ноҳияи Хурсони вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузори давоми чанд соли охир 20 муассисаи таълимии замонавӣ ва бештар аз 150 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шудааст.
Почозода Нуринисо, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Хурсон, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад дар ноҳия 10 муассисаи таълимӣ барои 4 ҳазору 500 хонанда сохта ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин дар назди мактабҳо 58 синфхонаи иловагии дигар барои 2 ҳазору 100 нафар бунёд гардидаст. Ҳамчунин, дар ин давра барои кормандони Шуъбаи моарифи ноҳия бинои замонавии 4-ошёна бунёд карда шудаст.
Ӯ гуфт, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар дар соҳаи маорифи ноҳия нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, бунёду навсозии 18 муассисаи талимӣ дар барномаҳо ворид карда шудаанд. Дар доираи ин ҷашн 4 муассисаи таълимӣ барои 100 хонанда сохта ба истифода дода шудаст, афзуд номбурда.
– Айни замон аз ҷониби Вазорати моариф ва илми кишвар дар назди се мактаб 30 синфхонаи илвоагӣ ба истфиоад дода шуд. Аз ҷониби соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони саховатманд дар назди чор мактаби дигар сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ ва як муассисаи таълимии иборат аз 22 синфхона идома дорад.
Ҳамчунин, аз ҷониби шарикони рушд 4 синфхона ва аз ҷониби соҳибкорону волидон сохтмони 20 синфхонаи дигар рӯзҳои наздик оғоз мегардад.