Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон кишоварзон ба ҷамъоварии харбуза ва ҳандалак оғоз карда, рӯзҳои наздик ҷамъоварии тарбузро низ шуруъ мекунанд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ Шамсиддин Эшбеков иттилоъ дод, ки кишоварзони ноҳия имсол дар майдони беш аз 900 гектар тарбузу харбуза ва ҳандалак кишт кардаанд, ки аз ин шумора 495 гектарашро ҳандалаку харбузаи навъҳои пешпазак ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, як ҳафта мешавад, ки кишоварзон ба ҷамъоварии ин намуди маҳсулот шуруъ кардаанд. Ҳосили тарбуз низ пухта расидаасту дар рӯзҳои наздик ҷамъоварии он низ оғоз хоҳад шуд.
Айни замон кишоварзони ин ноҳия нархи як донаи ҳандалакро дар саҳро 6-7 сомонӣ ва харбузаро 10 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд. Аммо имрӯз нархи як дона ҳандалак дар бозорҳо аз 12 то 15 сомонӣ ва харбуза аз 15 то 20 сомонӣ арзиш дорад.