Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар сохтмони 340 бинову иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд. Дар ин маврид Холиқзода Рустам раиси ноҳияи мазкур, зимни нишасти матуботӣ хабар дод.
Ӯ афзуд, ки дар соли 2024 тибқи нақша бунёди 59 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 63 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 106,8 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад.
Қайд гардид, ки ба ҳамин тариқ аз 340 иншооти пешбинишуда, 226 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки ин нишондод 66,5 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, ки дар ҳама чорроҳаҳои ноҳия рамзҳое, ки ноҳияро инъикос мекунанд, бо нақшу нигори миллӣ насб гардида истодааст.