Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 10 бунгоҳи саломатӣ ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Муовини  сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷурабой Саидов қайд кард, ки дар  минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  дар 9 моҳи соли ҷорӣ Маркази тахшиси тиббии “Дурахш”, Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво”, Маркази хусии  тахшисиву табобатии “Руҳафзо” ва як беморхонаи хусисие, ки дорои 80 кат мебошад, сохтаву мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра 10 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз он ҷумла бунгоҳҳои саломатӣ, ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

– Бунгоҳҳои сохташуда дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ се адад,  Хуросон ду адад, Дустӣ, Балхӣ, Вахш, Ҷайҳун ва Ёвон як ададӣ мебошанд, – илова кард ӯ.

Номбурда зикр кард, ки айни замон дар вилояти Хатлон сохтмони бузургтарин иншоотҳои соҳаи тандрустӣ, аз ҷумла маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар,  беморхона бо 200 кат  ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Қубодиён, беморхонаи қалб дар шаҳри Бохтар, беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва сохтмони  даҳҳо бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ дар минтақаи Бохтар идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь