Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, роҳ надодан ба ҷойгир намудани партовҳо дар ҷойҳои номуайян ва бо мақсади зери назорати доимӣ қарор додани мавзеъҳои осебпазир аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар 6 нуқта камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насби камераҳои мушоҳидавӣ зери назоратӣ шабонарӯзӣ қарор додани минтақаҳои осебпазир буда, чунин тадбир имкон медиҳад, ки вазъи экологӣ дар минтақаҳо беҳтар гашта, қонуншиканиҳо дар ин самт пешгирӣ карда шаванд. Таҷриба собит намудааст, ки ягона роҳи пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар ин самт насби камераҳои мушоҳидавӣ ва пурзӯр намудани назорати шабонарӯзӣ дар минтақаҳои осебпазир аст. Зеро бо насби технологияи муосир, назорат ва корбарӣ намудани сабтҳои мушоҳидавӣ имкон медиҳад, ки нисбати вайронкунандагони ҳифзи муҳити зист чораҳои фаврӣ амалӣ гардад. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо инобати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт ва баҳри зери назорати доимӣ қарор додани шаҳраку маҳаллаҳо тасмим гирифтааст, ки дар дигар минтақаҳои осебпазир низ чунин камераҳои мушоҳидавиро насб ва ҳолати экологии мавзеъҳои зикршударо ба таври шабонарӯзӣ назорат намояд.

Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here