Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав гирифторӣ ба коронавирус афзудааст. Мақомоти шаҳри Маскав гуфтаанд, беморхонаҳо аз гирифторони коронавирус пур шудаанд. Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин панҷ рӯз пеш дар беморхонаҳои Маскав 13 ҳазор кат барои қабули гирифторони шадиди коронавирус омода кардаанд, аммо ҳоло кати холӣ нест.

“Иқтидори беморхонае чун “Коммунарка” дар зарфи ду рӯз тамом мешавад. Он коронавируси навъи чинӣ, ки соли гузашта мубориза бурдем, имрӯз дар Маскав тақрибан нест. Навъи нави он омадааст, ки зудтар паҳн мешавад ва тоқат кардан ба он душвор аст”, – гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба гуфтаи Сергей Собянин, имконияти беморхонаҳо барои қабули гирифторони COVID-19 беохир нест ва онҳо маҷбуранд, ки маҳдудиятҳои сахтарро дар Маскав чорӣ кунанд. Шаҳрдорӣ мушаххасан аз кадом маҳдудияте ном набурда, танҳо гуфтааст, ин чораҳо муваққатӣ ва сахт хоҳанд буд.

Тибқи иттилои Ситоди мубориза бо COVID-19, рӯзи гузашта дар шаҳри Маскав 6195 ҳолати нави сироят ба коронавирус ошкор шудааст.

Як манбаи дигар мегӯяд, ки синну соли гирифторон хеле поён рафтааст ва бештари беморон аз 18 то 28-солаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь