Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили картошка, ки дар майдони 30 гектар кашт карда буданд, шуруъ карданд.
Аз МИҲД-и шаҳри Левакант иттилоъ доданд, ки деҳқонон аз як гектар замин то 300-350 сентнер ҳосил мегиранд.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосили картошка шуруъ кардаанд ва ҳоло нархи як килограм картошкаи нав дар бозорҳои ин вилоят 5,5 сомонӣ арзиш дорад.
Блоки рекламавӣ