Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 60 хонанда дар ду баст ва дар ноҳияи Восеъ барои 660 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд,ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ки барои 1060 хонанда дар ду баст сохта шудааст, ифтитоҳ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур дар 2,43 га замин бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса соли 2012 оғоз ёфта, маблағи харҷномавии он 21300,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино муассиса ду ошёна буда, аз як бинои маъмурӣ, ду бинои таълимӣ, китобхона-ошхона, толори варзишӣ маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Гуфта шуд,ки дар идомаи сафари кории худ сарвазир ва раиси вилояти Хатлон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-ро барои 660 ҷойи нишаст дар ду баст воқеъ дар деҳаи С.Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистон, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шералӣ Шайхов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи корӣ мавсимӣ таъмин ва бо маоши хуб таъмин гардиданд.