Дирӯз. 12-уми  сентябр, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон як саги девона 16 сокини ин шаҳрро газидаву захмӣ кардааст. 

Ҳоло 14 нафари онҳо дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва ду нафари дигар дар беморхонаи ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров бистарӣ мебошанд.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб ба “Фараж” хабар дод, рӯзи 12-уми сентябр як саги девона ба 16 нафар сокини ин шаҳр ҳамла карда, ҳамаи онҳоро захмӣ кардааст, ки миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Манбаъ гуфт, сагро безарар кардаанд ва онро  барои ташхис  ба идораи бойторӣ супоридаанд.

– Ҳамаи сокиноне, ки аз саг осеб диданд, ваксина зада шуда, вазъияташон ҳоло хуб буда, зери назорати табибон мебошанд, – илова кард манбаъ ва гуфт, аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои харидории  иммуноглобулин маблағ ҷудо карда шуда, то шаб ҳамаи онҳоро бори дигар ваксина мегузаронанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь