Дар хабар аст, ки дар Колумбия калисои Шайтон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Расонаҳо дар бораи ин калисо, ки бо унвони калисои Люсифера ёд мешавад, навишта, илова мекунанд, ки охирзамон фаро расидааст.

Қаблан чунин созмони мазҳабӣ, ки Калисои Шайтон ном дорад, 30 апрели соли 1966 дар Сан-Франсискои Америка таъсис дода шудааст. Ин калисо барои мӯътақидин ба мабоди мазҳаби шайтонпарастӣ аст, ки ақоидашон дар Инҷили шайтон навишта шуда, тавассути Антон ЛаВӣ нигошта шудааст. Он худро як ҳомии огоҳ аз шарр медонад ва зидди масеҳият аст.

Ин калисо эътиқод надорад, ки шайтон монанди як ниҳод ба маънии воқеии калима вуҷуд дорад ва ЛаВӣ касеро ба парастиши шайтон ташвиқ намекард. Дар як мусоҳиба коҳини аъзами феъли Калисои Шайтон Питер Гилмур изҳор доштааст: «Эҳсоси воқеии ман ин аст, ки ҳар касе, ки ба вуҷуди нируҳои мофавқи табиат эътиқод дорад, девона аст. Вақте онҳо ба худо ё шайтон эътиқод доранд, аз шуур маҳрум мешаванд». Гилмур калимаи «шайтон»-ро як модел, ё як ҳолати рафтор таъриф мекунад ва ишора мекунад, ки ин калима дар забони ибрӣ ба маънои «душман» ё «мухолиф» аст. Гилмур мегӯяд: «Шайтонпарастӣ бо худонобоварӣ ва дар назар гирифтани ин дидгоҳ, ки ҷаҳон нисбат ба мо бетафовут аст, шурӯъ мешавад, ҳеҷ худо, шайтон ё муроқибе вуҷуд надорад».

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь