Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон давоми соли 2017-ум 954 тафтишу санҷиш гузаронидааст ва дар умум 581,1 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Аз маблағҳои ошкоршуда 282,5 миллион сомонияш аллакай ба буҷети давлат баргардонида шудааст, ки он 51,5 дарсади зарари расонидашударо дарбар мегирад.
Муовини аввали директори Агентӣ Зарифзода Абдукарим, имрӯз, 15-уми феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод, ки дар соли сипаришуда 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои алоқаманд ба андоз ошкор шудаанд, ки 650 адади он ба ҷинояти вазнин шомил мебошад.
Ҳамчунин Зарифзода қайд кард, ки аз ҷиноятҳои ошкоршуда 571 ададаш ба вилояти Хатлон рост меояд, ки ин нишондод балантарин миёни дигар минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Вилояти Суғд дар ин руйхат бо ошкор шудани 485 адад ҷинояти коррупсионӣ дар ҷойи дуюм буда, дар шаҳри Душанбе 407 адад, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 340 ва ВМКБ бошад, 177 ададро ташкил медиҳанд.
– Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар Вазорати маориф ва илм 70 адад, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 60, нақлиёт 13, кишоварзӣ 7, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 16, молия 1, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 42, муҳити зист 5, телевизион ва радио 2, меъморӣ ва сохтмон 6, Агентии стандартизатсия, сертификатсия метрология ва нозироти савдо 7, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 320, соҳибкорон 269, соҳаи бонкӣ 408 ва дигар идораву корхонаҳо 356 адад ба қайд гирифта шудааст, – гуфт Зарифзода.
Ҳамзамон, дар нишаст гуфта шуд, аз ҷониби кормандони Агентии зидди коррупсия дар умум 12 ҷиноят вобаста ба «Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ» (3), «Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ» (1), «Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ», «Ташкили иттиҳоди эксремистӣ» ва «Ташкили фаъолияти экстремистӣ» (8) ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд. Роҳбарияти Агентӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки аз ҷониби онҳо дар якҷоягӣ бо масъулини комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 284 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва нисбати қонунвайронкунандагон чораандешӣ шудааст.