Имрӯз, 25 апрел, дар шаҳри Истаравшан тренинги серӯза барои ҷавонон, рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти инъикоси масъулиятноки масоили ифротгароии хушунатомез оғоз шуд.
Дар рӯзи аввал ширкаткунандагон масъалаҳои ахлоқ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, усулҳои пешгирии ифротгароиро баррасӣ мекунанд.
Тренинг бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “АМВАОТ” дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Точикистон ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Канада баргузор мешавад. Мақсад баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва донишҳои ҳуқуқии иштирокчиён дар баробари таҳдидҳои иттилоотӣ мебошад.
Блоки рекламавӣ