Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 239 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, аз он то имрӯз 136 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи мазкур Алишер Асадуллоев иттилоъ дод, ки аз 239 иншоот 10 адад дар соҳаи тандурустӣ, 12 адад маориф, 15 адад саноат, 3 адад кишоварзӣ, 29 адад нақлиёт, 11 адад обёрӣ, 35 савдо ва хизматрасонӣ ва 18 адад дигар иншоотҳо мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар беш аз 20 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Блоки рекламавӣ