Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кившар бунёди 500 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки баъди пурра ба истифода додани онҳо 13 ҳазор ҷойи нави  корӣ таъсис дода мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар соли 2022 бунёди 132 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ин теъдод дар  давоми 6 моҳи соли равон 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо  1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст, илова кард ӯ.

Ҳамчунин раиси вилоят афзуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2022 тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят 6204 адад иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки нисбати нақшаи пешбинишудаи 6102, 101,8% – ро ташкил медиҳад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Қайд гардид, ки аз онҳо 317 ададаш сохта ба истифода дода шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here