Дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят баргузор гардид. Дар он гуфта шуд, ки шумораи соҳибкорони вилоят ба 107 ҳазор нафар расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 579 нафар зиёд аст.
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини сарвазири кишвар Зиёзода Сулаймон, як қатор раисони кумитаҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ширкат карданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, ки бештари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз вазъи душвори иқтисодӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ғанигардонӣ ва ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, андешидани чунин чораҳо барои таъмини қисми даромади буҷет мусоидат намуданд, – иброз дошт раиси вилоят.
Муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам баён дошт, ки дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба 1-уми октябри соли 2022 шумораи соҳибкорон ба 107 ҳазору 998 нафар расида, дар маҷмуъ шумораи соҳибкорон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 579 нафар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар вилоят бо маблағи беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
– Ба вилоят аз 28 кишвар сармоя ворид гардидаанд, ки бештари маблағҳо ба Русия, Чин ва Эрон рост меоянд, – иброз дошт номбурда.
Мавлуда Гулова,
Хатлон