Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовинони чор ноҳияи вилояти Хатлон таъин карда шуданд.
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Дӯстӣ ва Носири Хусрав таъингардидаро барои суҳбат қабул намуданд.
Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қурбониён Айюб Ҳабиб, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, Ризозода Дилшод Саъдулло, муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон, Гуреззода Давлат Файзалӣ, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Юсуфзода Нурмуҳаммад Ҷалил, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъин гардиданд.