Имрӯз дар бозору мағозаҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он нархи як килограм лимӯ 35-40 сомонӣ шудааст, дар ҳоле ки моҳе пеш як килограми он бо нархи аз 5 то 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Сокинонро якбора то 30 сомонӣ баланд шудани нархи як клограм лимӯ дар бозору фурӯшгоҳҳо нигарон кардаст. Бунафша, як сокини вилояти Хатлон, ки ӯро дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар вохӯрдем гуфт, ки ҳоло нархи як килограм лимӯ 35-40 сомонӣ шудааст.
– Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш як клограми онро аз 5 то 7 сомонӣ мехаридем. Ҳоло дигар имкони харидани лимӯро надорем, зеро як донаи онро савдогарон аз 4 то 8 сомонӣ мефурӯшанд.
Аҳамад, сокини дигар аз шаҳри Бохтар, гуфт, ки як моҳ пеш дар як ҳафта оилаи онҳо то 30 дона лимӯ истеъмол мекарданд. Ҳоло аз сабаби гарон шудани нархи он ҳамагӣ имкони харидани 5 донаи онро доранд.
Фурӯшандагон мегуянд, лимӯро аз деҳқон бо нархи гарон мехаранд, аз ин ҳисоб маҷбуранд як клограми онро то 40 сомонӣ фурӯшанд.
Тибқи иттилои расида аз Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон айни замон дар ҳудуди вилоят дар майдони 298,2 гектар лимӯхона фаъолият мекунад, ки имсол аз онҳо 4 ҳазору 700 тонна лимӯ ҷамоварӣ гардидааст. Аз ин миқдор 38 тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шудааст.