Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон 411 санади қонунвайронкунӣ ба маблағи 218 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки бештари онро буридани ғайриқонунии ҷангалзор ташкил медиҳад.
Мирмаҳмад Давлатов, муовини сардори Раёсати хоҷагии ҷангали вилоят хабар дод, ки аз санадҳои тартибдодашуда нисбати 104 шаҳрванд санади ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, ин маблағ пурра ситонида шудааст.
Ба гуфти манбаъ, аз 411 санад 285 санади он ба мабалағи 138 ҳазор сомонӣ буридани ғайриқонунии дарахтони ҷангал, 24 санад ҷамъоварии ғайриқонунии маҳсулоти ҷангал, 85 санад чорвочаронии худсарона дар ҷангалзорҳои навбунёдгардида ва 7 санади дигар шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва парандагон мебошад.