Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24 зан ҳангоми таваллуди фарзанд ҷон додаанд, ки ин омор нисбати соли 2021-ум 4 нафар зиёд аст.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода 30 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, бештари модароне, ки ҳангоми тавалуди фарзанд фавтидаанд, дар ноҳияи Кушониён (4 нафар), Фархор (3 нафар), Вахш, Дӯстӣ ва Данғара (дунафарӣ) ва дар дигар шаҳру ноҳия мебошанд.
Масъулони ин ниҳод омилҳои фавти занонро ҳангоми таваллуд дар дер муроҷиат кардани занони ҳомила ба пизишкон, хунравии зиёд ва дигар омилҳо арзёбӣ карданд.
Блоки рекламавӣ